Дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба муносибати Рӯзи соҳибкорон ва Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба муносибати Рӯзи соҳибкорон ва Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо, ки ҳамасола 14 октябр таҷлил карда мешаванд, бо ҷалби соҳибкорон ва масъулони соҳа ҳамоишдоир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин Агентӣ.
Ҷамъомадро директори Агентӣ Темурҷон Абдулваҳобзода оғоз намуда, саҳми соҳибкоронро дар пешрафти ҷомеа ва рушди иқтисоди мамлакат назаррас арзёбӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки бо шарофати роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриамон имрӯзҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дигаргунию пешрафтҳои арзанда ба назар мерасанд.
— Имрӯз барои муҳайё кардани фазои муносиби фаъолияти соҳибкорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо Агентии “Тоҷикстандарт” аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода карда истодааст, то ки монеаҳо аз роҳи фаъолияти онҳо бартараф карда шаванд ва маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шаваду рақобатпазиру воридотивазкунанда бошад. Хурсандиовар аст, ки имрӯз корхонаю ширкатҳои истеҳсолие вуҷуд доранд, ки дар пешрафти иқтисоди миллӣ саҳми худро гузошта, номи корхонаи худро дар байни истеъмолкунандагон баланд бардошта, молу маҳсулоти худро бо сифати хуб ва бо нархи дастрас ба бозори истеъмолии мамлакат ва берун аз он пешниҳод менамоянд ва баҳри беҳбудии ҳаёти аҳолии мамлакат саҳми намоён мегузоранд”,-афзуд Темурҷон Абдулваҳобзода.
Ба намояндагони корхонаю ширкатҳо ва соҳибкороне, ки дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар маҷмӯъ дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифату ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳо саҳмгузор мебошанд, бо тантана “Сипоснома”-ҳо супорида шуд.
Дар идомаи ҳамоиш бо назардошти он, ки татбиқи стандартҳо омили асосии рушди ҷомеа мебошанд, ба ҳозирин аз ҷониби кормандони масъули Агентӣ — муовини сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Тоҳир Нуруллозода ва сардори шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак Рамазон Самадов ба таври мухтассар оид ба аҳамияти ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ маълумот манзур карда шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш соҳибкорон ҷиҳати ҳамкории босамар бо мақомот изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати маҳсулот ва таъмини бозори истеъмолӣ бо молу маҳсулот ва хизматрасониҳои мутобиқ ба талаботи меъёрҳо изҳори назар намуданд.
АКС: Агентии “Тоҷикстандарт”








Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид






