Дар Бӯстон вобаста ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мулоқот доир шуд

Октябрь 19, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар доираи тадбирҳои нақшаи амалигардонии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» роҳбарияти шаҳри Бӯстон бо кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷфилиз» мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.

Дар мулоқот доир ба самтҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб ибрози назар гардид.

Гуфта шуд, ки мақсади муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд ва ин мақсадҳо бояд тариқи амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, профилактикӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ амалӣ гардонида шаванд.

Ҳар фарди ватандӯст ва шаҳрванди асил дар асри ҳозира бояд дар заминаи худогоҳии миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ андешаҳои таҳмилиро сари вақт дарк намуда, аз интишори он ҷилавгирӣ намояд ва нагузорад, ки ин беморӣ аз нав ба шаҳрвандон сироят кунад.

Дар мулоқот масъулин ҷиҳати вусъати фаъолият дар самти пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлуб ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ ва пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ вазифадор гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Октябрь 19, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд