Дар Бадахшон барои таъмини алоқаи босифати мобилӣ ва суръати интернет тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳоло дар баъзе ҳолатҳо суръати интернет паст буда, алоқаи одии мобилӣ низ қонеъкунанда нест. Ин нуктаро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни машварати корӣ иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Дар ин замина гуфта шуд, ки чунин мушкилот бо назардошти инобати минтақаҳои дурдасти вилоят бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ҳалли худро пайдо намояд.
Ҳамзамон тибқи иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба ин масъала 23 октябр вохӯрии Сардори Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ баргузор гардид, ки дар он иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст намудани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои мамлакат ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Сардори Хадамоти алоқа таъкид намуд, ки тезонидани раванди гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таъмини дастрасии комили шаҳрвандон ба интернети баландсуръат дар авлавияти фаъолияти Хадамот ва ширкатҳои мобилӣ қарор дошта, бояд бо дарки масъулият ҳарчӣ зудтар камбудиҳои мавҷуда бартараф шаванд.
Гуфта шуд, ки таъмини дастрасии сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат бо интернет, тақвияти инфрасохторӣ дар низоми бонкӣ ҷиҳати пешниҳоди механизми пардохти хизматрасониҳои давлатӣ аз тариқи ғайринақдӣ, таъмини истгоҳҳои мавҷӣ бо барқи доимӣ масъалаҳое мебошанд, ки таваҷҷуҳ ва талошҳои доимӣ мехоҳанд. Дар ин замина ба масъулин супориш дода шуд, ки ҳамкорӣ бо бонкҳо ва ташкилоти моливӣ беш аз гузашта тақвият ёфта, мушкилоту монеаҳо дар сатҳи ҷамоату деҳаҳо бартараф шаванд.
Бо мақсади муайян намудани тамоми минтақаҳое, ки дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар он заиф мебошад, аз ҳисоби масъулини Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои дигар гурӯҳи корӣ ташкил шуд.
Сардори Хадамоти алоқа аз масъулин хост, ки пас аз пурра муайян гардидани ин гуна минтақаҳо мушкилоти алоқаи мобилӣ ва интернет дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф шавад.
Масъалаи дигар бинобар фаро расидани фасли зимистон таъмини доимии истигоҳҳои мавҷи алоқаи мобилӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат буд. Тавре дар вохӯрӣ иброз гардид, дар ин замина аз муштариён арзу шикояти зиёд мерасад. Аз ин рӯ, дар ин самт ҳамкории зич бо «Барқи тоҷик» зарур дониста шуд.
Ширкатҳои мобилӣ муваззаф шуданд, ки тамоми талошҳояшонро ба харҷ диҳанд, то аҳолӣ дар фасли сармо низ шабонарӯз бо алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин бошанд.
Дар қисмати дигари вохӯрӣ чораҳои амалишуда доир ба арзон намудани нархи интернет ва зангҳои телефонӣ, ҳамчунин баланд намудани сатҳу сифати он, ки мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, таҳлилу баррасӣ шуд.
Гуфта шуд, ки ҳарчанд то имрӯз нархи интернет ва зангҳои телефонӣ арзонтар шудааст, аммо он қонеъкунанда набуда, дар ин замина ба тамоми ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ супориш дода шуд, ки дар ин самт ба таври ҷиддӣ талош намоянд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






