Дар Беморхонаи клиникии шаҳри Кӯлоб 125 табиб ва 420 ҳамшираи тиббӣ ба беморон хизмат мерасонанд

Октябрь 17, 2023 18:55

КӮЛОБ, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А.Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб дорои шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ, кӯдакона, ташхисӣ ва ёрирасон буда, ҳамаи ин шуъбаҳо бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин мебошанд. Ҳамаи табибоне, ки бо таҷҳизоти замонавӣ сару кор доранд, аз даврҳои таҷрибаомӯзӣ гузашта, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи бемориҳои кӯдаконаи ин беморхона Суҳроб Сайдалиев иттилоъ дод.

Солҳои пеш, ки беморхона таҷҳизоти зарурӣ надошт, беморон барои табобат ба шаҳри Душанбе мерафтанд. Ҳоло беморон аз тамоми минтақаи Кӯлоб ба ин беморхона меоянд ва сари вақт табобат мегиранд. Табибони беморхона низ ҷавобан бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, ки ба беморон дар сатҳи баланд ва бо муомилаи хуш хизмат расонанд.

Беморхонаи мазкур ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ бо муосиртарин таҷҳизот таъмин мешавад. Ҳоло 34 шуъбаи беморхона дорои 460 кат буда, 125 табиб ва 420 ҳамшираи тиббӣ ба беморон хизмат мерасонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2023 18:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд