Дар деҳаи Ҳуснободи шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи минтақавии №3-и деҳоти Гулистон ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ҳамчунин якчанд иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар маросими ифтитоҳи иншоот намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат.
Аз ҷумла, дар деҳаи Ҳуснободи шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи минтақавии №3-и деҳоти Гулистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи беморхона намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Масъулин иброз доштанд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дурдасттарин деҳоти ҷумҳурӣ беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Ин тадбирҳо аз он дарак медиҳанд, ки Ҳукумати мамлакат солимии аҳолиро дар мадди аввал гузошта, пайваста дар ин самт тадбир меандешад.
Бинои нави Беморхонаи минтақавии №3-и деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории шарикони рушд дар муддати 1 сол бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи октябри соли 2022 шуруъ шуда, бо сифати баланд анҷом ёфтаанд. Бинои кӯҳнаи ин беморхона, ки якошёна буд, солҳои зиёд дар истифода қарор дошт ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуд. Шароити бади корӣ имкон намедод, ки табибон ба беморон дар сатҳи зарурӣ хизмат расонанд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави беморхона мушкилии табибону беморони деҳоти Гулистон ҳалли худро пайдо намуд.
Беморхонаи минтақавии №3 деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат дорои 10 утоқи корӣ, 6 ҳуҷраи хоб бо 25 кат, 2 толори таваллуд, ҳуҷраҳои рентгени рақамӣ, дандонпизишк, ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, хатна ва ғайра мебошад. Беморхона асосан ба аҳолии 12 деҳа хизмати хубу босифати тиббӣ пешниҳод менамояд. Дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ аз хориҷи мамлакат ба беморхона ворид шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав дар Беморхонаи минтақавии №3 деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ҷойҳои нави корӣ фароҳам шуда, дар оянда шумораи кормандони он ба беш аз 60 нафар расида, бо афзоиши теъдоди табибон вазъи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат боз ҳам беҳтар мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат








Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд






