Дар доираи бузургдошти 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин дар Тоҷикистон таъриху фарҳанги бостонӣ эҳё мегардад

Октябрь 5, 2023 09:46

ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Эҳёи таъриху фарҳанги бостонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи бузургдошти 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин, ки дар рӯйхати пешакии ЮНЕСКО қарор дорад, бо иштироки аъзои шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ҷалололиддин Балхӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ходимони дин, собиқадорони меҳнат, фаъолони ҷамъиятӣ, мудирони бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо баргузор гардид.

Бояд ёдовар шавем, ки яке аз иқдоми наҷиби фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи ойину анъанаҳои неки аҷдодӣ, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии халқи тоҷик мебошад.

Тавре Пешвои миллат дар суханрониҳояшон борҳо изҳор доштанд, «муҳаббат ба Ватани маҳбуб аз донистани таърихи пурифтихор ва гузаштаи ибратомӯзи миллат сарчашма мегирад. Таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар фарди ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон аст».

Ёдгориҳои замони қадим, аз ҷумла шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон- Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Ҳулбук, Шаҳристон, Ҳисорак, Санҷаршоҳ, Карон, Ямчун ва даҳҳо мавзеи дигар ҳар сол бо роҳи ташкили экспедитсияҳои дохиливу байналмилалии бостоншиносӣ мавриди таҳқиқу пажуҳиш қарор дода мешаванд.

Имрӯз дар ҷумҳуриамон беш аз се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд ва дар қатори дигар ёдгориҳои беназири Тоҷикистон маҷмааи Тахти Сангин бозёфти нодиру бебаҳои таърихӣ мебошад.

Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз сангҳо бино шудаанд, бинобар ин олимон онро Тахти Сангин номиданд.
Маҷмаа дар замони Искандари Мақдунӣ бунёд гардида, онро бо номи «Хазинаи Амударё”, инчунин «Ҷавоҳироти Окс” дар саросари олам мешиносанд.

Тибқи маълумоти таърихӣ, яке аз сабабҳои таваҷҷуҳи таърихнигорон ба ин маҳал дарёфти «Хазинаи Амударё» буд. Хазина аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин иборат буда, теъдоди онро олимон 1300 номгӯй меҳисобанд.

Онро соли 1877 тоҷирони бухороӣ дар Қубодиён (Тахти Қубод) пайдо намуда, бо худ барои тиҷорат ба Ҳиндустон бурданд ва дар он ҷо аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина ба дасти амалдорони бритониёгӣ афтида, ба Осорхонаи Лондон интиқол меёбад, ки ҳоло моли осорхонаи Британия гардидаанд.

Зимнан, баъди паҳн шудани ин ривоятҳо ба олимон зарур омад, ки макони ин ёдгории таърихиро омӯзанд.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз нав эҳё намудани ёдгории Тахти Сангин тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Аз ҷумла, соли 2013 аз Осорхонаи Лондон як силсила ёдгориҳо чун туҳфа ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ин ёдгории таърихӣ аллакай дар рӯйхати пешакии ЮНЕСКО шомил буда, талошҳои минбаъда барои ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани он аст.

Мояи ифтихор аст, ки бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба 2500-солагии шаҳраки бостонии Тахти Сангин 11 ноябри соли 2021 дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО онро ба Феҳристи ҷашнвораҳо дохил намуданд ва дар ин росто ҳамин сол баргузории якчанд чорабиниҳо, аз қабили намоишу симпозиум, нашри албоми бозёфтҳо ва китоби «Тахти Сангин дар таърихи Осиёи Марказӣ» дар назар аст.

Мо низ метавонем аз ин дороиҳои таърихию фарҳангӣ босамар истифода барем ва осори гаронмояро ҳамчун василаи муҳимми ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳифз намоем ва дар роҳи рушди минбаъдаи фарҳангу маънавиёти халқамон ба ояндагон боқӣ гузорем.

Эҳё шудани ёдгории «Тахти Сангин» ё «Тахти Қубод» боиси ташрифи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мегардад. Воқеан ҳам, ёдгории «Тахти Сангин» ва «Хазинаи Амударё» ганҷинаи беназиру куҳанбунёди халқи тоҷик буда, омӯзишу донистани таърихи он дар самти худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имсол дар Тоҷикистон 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» таҷлил мешавад.

Мутаассифона, ҳарчанд таваҷҷуҳ ба маснуоти пайдошуда ва таърихи куҳан доштани шаҳраки «Тахти Сангин» мавҷуд бошад ҳам, вале барои пойдории он ва ҳифзи ин ёдгории таърихӣ мақомоти дахлдор ба таври зарурӣ кор намебаранд.

Вобаста ба ин, аз Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳо даъват ба амал оварда мешавад, ки корҳои бостоншиносиро дар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мамлакат вусъат бахшанд ва ҷустуҷӯҳои илмиро дар ин мавзеъҳо мунтазам идома дода, ҷиҳати таъмиру тармим, зиёд кардани нигораҳо ва ба тартиб даровардани онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Н.МАҲМАДИЗОДА,
Котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2023 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир гардид
22 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе намоиши «Намунаҳои атласу адраси тоҷикӣ аз фонди Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
22 июл дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мегарданд
Сайёҳон ба воситаи аудиошунавоӣ бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд шинос мешаванд
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад