Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи фестивал намоиш-фурӯши китобҳои бадеӣ баргузор гардид, ки аз он наврасон китобҳои тозанашр ва маҷаллаҳои кӯдаконаро дастрас намуданд. Инчунин дар ин рӯз вохӯрӣ бо шоиру нависандагон ва маҳфилҳои адабию бадеӣ доир гардиданд. Дар намоиш беш аз 300 номгӯй адабиёти бачагона ва илмию соҳавӣ пешниҳод шуданд.
Ҳадаф аз баргузории фестивал-озмун арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллию умумибашарӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва китобхонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор мегардад.
АКС: Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






