Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Гӯшаи Корея ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар заминаи шуъбаи забони кореягии факултети забонҳои Осиё дар се синфхонаи мутобиқ ба замони муосир гӯшаи Корея мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки маҳз натиҷаи сиёсати дурандешона ва некбинонаи роҳбарияти олии ҳар ду давлат буд, ки мардумони ду мамлакат якдигарро ба ҳайси дӯсти боэътимод ва шарики нек дарёфта, дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, хосса соҳаи илму маориф муносибатҳои мутақобилан судмандро амалӣ намуда, дар роҳи ноил гаштан ба ҳадафҳои дар назди худ гузошта қадамҳои устувор мегузоранд.
Тазаккур дода шуд, ки бо назардошти афзудани шумораи хоҳишмандони риштаи забони кореягӣ раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024 ихтисоси забони кореягӣ- омӯзгорро дар зинаи бакалавриат ва ихтисоси забони кореягӣ — тарҷумониро дар зинаи магистратура ташкил намуд.
Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пазироии самимонаи тоҷикона изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки саҳми раёсат ва омӯзгорони шуъбаи забони куриёии Донишгоҳ дар омода намудани мутахассисони забондон ва боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои гуногунҷабҳаи ду миллати ба ҳам дӯст бузург аст.
Дар идома чун рамзи дӯстӣ маҳфили фарҳангии сурурбахши тоҷиконаву кореягӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






