Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беҳтарин усули омӯзиш ва корбарӣ дар самти илм амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 24.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба самти илм зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти илм баъзе камбудиҳо дида мешаванд. Аз ин рӯ, талабот ба самти корҳои илмӣ аз пештара бештар гардида, тадбирҳои нав рӯйи даст гирифта мешаванд. Ҳайати устодони кормандон бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули омӯзиш ва корбарии самти илмро дар донишгоҳ амалӣ намуда, навгониҳои тозаро ба нафъи илми мамлакат ҷорӣ созанд». Ин нукта зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳайати кормандони бахши илми донишгоҳ изҳор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ хабар доданд, баъд аз силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултетҳо суҳбатҳо бо кормандони бахшҳои донишгоҳ гузаронида мешаванд.
Дар вохӯрӣ Ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти сохторҳои марбутаи бахши илм ибрози назар намуда, ҳалли якчанд масъалаҳоро муҳимтарин вазифаи кормандони бахш тафсир намуд.
Дар вохӯрӣ назорати баргузории ҳамоиши сатҳи донишгоҳию байналмилалӣ, пурзӯр намудани дастаи олимпӣ ва озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, назорати фаъолияти бахши илми факултетҳо дар самти баргузории маҳфилҳо, навиштани мақолаҳои илмӣ аз ҷумлаи масъалаҳои баррасишуда буданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






