Дар Душанбе афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид

Октябрь 18, 2023 13:21

ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони ҳамкории Шанхай: баланд бардоштани нақши глобалии Созмон, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар фазои СҲШ» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Чорабинии мазкур аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин (тавассути видеоконференсия) ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода чорабиниро оғоз намуда, ҳадафу муҳимияти ин ҳамоишро иброз доштанд.

Дар нишаст Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов самтҳои афзалиятноки раёсати Қазоқистонро дар ин Созмон ва Нақшаи чорабиниҳоро дар солҳои 2023-2024 ба ҳозирин рӯнамоӣ намуд.

Сафир изҳор дошт, ки бо саъю талоши муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳия ва қабули чунин санадҳои муҳим, ба мисли Стратегияи рушди то соли 2035, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ дар давраи то соли 2030 ва Стратегияи зидди маводи мухаддири СҲШ барои солҳои 2024-2029, Стратегияи рушди ҳамкориҳои энергетикии давлатҳои аъзои СҲШ то соли 2030 ва Ташаббуси СҲШ «Дар бораи ягонагии ҷаҳон барои сулҳу осоиши одилона» дар назар аст.

Ҳамзамон пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи раёсати Қазоқистон зимни суханронии иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода оид ба корҳои СҲШ ва сардори Шуъбаи СҲШ-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Рахшон Султонӣ муаррифӣ гардид.

Дар мизи мудаввар бо иштироки сафирони давлатҳои аъзо, нозир ва шарики муколамаи Созмони ҳамкории Шанхайи муқими Тоҷикистон, коршиносон ва сиёсатшиносон оид ба вазъ ва дурнамои рушди ин Созмон дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон табодули афкор шуд.


Профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои машваратии Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Рашид Алимов иброз намуд, ки ба шарофати талошҳои муштараки роҳбарони кишварҳои аъзои ин Созмон, ки даҳ давлатро фаро гирифтааст, он ба марҳилаи сифатан нави рушди худ ворид мешавад.

«Дар давраи раёсати Қазоқистон моро барои таҳкими шарикии бисёрҷониба анҷоми корҳои ҷолибу пурмазмун ва муфиди муштарак интизор аст», — таъкид намуд Рашид Алимов.

Ӯ изҳори итминон намуд, ки Қазоқистон дар соли оянда бо дастгирии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзо раёсати худро дар Созмони ҳамкории Шанхай боз ҳам фаъол намуда, онро ба зинаи нави ҳамкории амалӣ мебардорад.

Дар доираи мизи мудаввар дар толори бинои асосии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи «Қазоқистон ва Созмони ҳамкории Шанхай: марҳалаҳои сафари тӯлонӣ» баргузор шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2023 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи гумрук баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Иттиҳодияи палатаҳои савдо ва саноати Олмон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Фиристодаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба об мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо ректори Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии Миср мулоқот намуд
Аввалин машваратҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Миср баргузор гардиданд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи СММ оид ба маҳалҳои аҳолинишин баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия мулоқот намуд
Дар Душанбе раванди татбиқи санаду барномаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Масъалаи ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайрирасмии Кумитаи ҳамоҳангсози Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуд