Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд

Октябрь 11, 2023 09:31

ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023 дар сатҳи роҳбарикунанда бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҷаласа ҳафт барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инҳо «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои то соли 2025», «Барнома оид ба паст намудани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашудаи ғайрирасмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди мамлакат барои солҳои 2021-2025»,  «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди саноати доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2025» ва «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» мебошанд.

Ҳамзамон тибқи Нақшаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023 ҷараёни иҷрои 25 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол мешавад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2023 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид