Дар Душанбе бахшида ба 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир гардид

Октябрь 5, 2023 15:43

ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин таҳти унвони «Тахти Сангин-намоди омезиши Шарқу Ғарб» Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар симпозиум бостоншиносони ватанӣ, олимон аз 14 мамлакати дунё ба тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ иштирок намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иштирокдорони симпозиумро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки «Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар муддати се даҳсолаи мавҷудияти худ бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардида, ба шумори давлатҳои рӯ ба рушди ҷаҳон ворид гардид. Яке аз муҳимтарин омили рушд ва пешравӣ- ин ваҳдат ва оромию суботи ҷомеа мебошад, ки маҳз дар пояи дарк ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги чандинҳазорсолаи халқи тоҷик бунёд ёфтааст. Аз ин рӯ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба таърих, фарҳанг ва суннатҳои волои аҷдодӣ ба маротиб афзуда, таҳқиқу омӯзиши илмӣ, эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, ҷашну оинҳои миллӣ, ҳифзу нигаҳдошт ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои нодири таърихӣ вусъати тоза пайдо намуд.

Яке аз ин ёдгории Тахти Сангин мебошад, ки бори аввал ба феҳристи пешакии Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО бахши «Мероси фарҳангӣ» ҳанӯз 9 ноябри соли 1999 ҳамроҳ шуда буд. 17 ноябри соли 2021 бо пешниҳоди Тоҷикистон 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 ворид гардид. Ҳамоиши имрӯзаи илмии байналмилалӣ дар ҳошияи ҳамин бузургдошт баргузор мегардад».

Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ки «аз ин мавзеъ то ба имрӯз зиёда аз ҳаштуним ҳазор бозёфтҳои гуногун дар шакли ҳайкал, сиккаҳо, зарфҳо аз тилло, нуқра, мис, сафол, устухони фил ва дигар бозёфтҳо пайдо шудаанд. Ин нишонаи он аст, ки ин мардум ҳунарманд будаанд ва дар ин мавзеъ дар замони худ як шаҳри бисёр ҳам аз нигоҳи таърихӣ ва фарҳангӣ бузург бунёд шудааст».

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар паёми табрикотӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ донишмандону муҳаққикони ватанию хориҷӣ, тамоми иштирокдорони симпозиумро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки «арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи оину анъанаҳои неки аҷдодӣ, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддию маънавии халқи тоҷик ба мардуми шарифи Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ муяссар гардида, дар меҳвари сиёсати маънавиасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Муҳаббат ба Ватан, пеш аз ҳама, аз донистани таърихи пурифтихор ва гузаштаи ибратомӯзи миллат сарчашма мегирад. Яке аз ёдгориҳои овозадори Тоҷикистон шаҳристони Тахти Сангин мебошад, ки дар инкишофи тамаддуни башарӣ нақши мондагор дорад».

Дар ҳамоиш паёми табрикотии дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ба саҳми ҳозирин расонида шуд.

Симпозим аз чор бахш иборат буда, дар бахши якуми он директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Насрулло Убайдулло дар мавзуи «Тахти Сангин дар таърих ва фарҳанги халқи тоҷик», Анри Пол Франкфор аз Маркази миллии тадқиқоти илмии Париж дар мавзуи «Тахти Сангин: Оид ба бозёфтҳои давраи тоэллинӣ», А.Дружинина аз Донишгоҳи озоди Берлин дар мавзуи «Унсурҳо ва иншооти сохтмонии давраи Ҳаҳоманишинӣ аз маъбади Окс» ва Н.Хоҷаева аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ дар мавзуи «Назари нав ба масъалаи даврабандии Тахти Сангин» маъруза намуданд.

Дар бахшҳои дигари конфронс олимони ватанию хориҷӣ доир ба Тахти Сангин ва дигар ёдгориҳои нодири тоисломии Осиёи Марказӣ маърузаҳои илмӣ намуданд.

Пагоҳ иштирокдорони конференсия барои дидани шаҳристони Тахти Сангин ба ноҳияи Қубодиён сафар менамоянд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2023 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад