Дар Душанбе бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористию экстремистӣ ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳамоиш бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода баргузор гардида, дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, директорони коллеҷу литсейҳои шаҳри Душанбе, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода оид ба иҷрои дастури Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо мақсади таҳкими пояҳои сулҳу осоиштагӣ, дӯстиву рафоқат, муҳаббату садоқат ба давлату миллат, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ба масъулон супориш дод.
Мавсуф оид ба ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли наврасу ҷавон, инчунин вобаста ба одобу маданияти шаҳрнишинӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ибрози андеша намуд.
Тазаккур дода шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар паёмҳояшон таъкид намудаанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо он аст, ки Истиқлолияти давлатамонро пойдор нигоҳ дошта, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем. Яъне насли имрӯз бояд бомаърифат, бофарҳанг, эҷодкор, номбардори миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардад.
Ҳамзамон ҳозиринро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон даъват намуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд






