Дар Душанбе дар нуҳ моҳ ба андозаи қариб 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст

Октябрь 19, 2023 11:20

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли равон ба андозаи қариб 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ 121,2 фоизро ташкил медиҳад. Ин матлабро сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Даврон Сафарализода зимни ҷаласаи ҷамъбастии ин сарраёсат иброз дошт.

Гуфта шуд, ки ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат- саноатикунонии босуръат буда, инчунин давоми панҷ сол дар Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд.

Дар нуҳ моҳи соли равон дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 миллиарду 976,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки аз ин ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 68,7 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 28,2 фоиз, саноати истихроҷи масолеҳи ғайримаъдани бинокорӣ 1,5 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 1,6 фоизро ташкил додааст.

Даврон Сафарализода таъкид намуд, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди мамлакат Сарраёсат дар таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегияи миллӣ, аз ҷумла раванди саноаткунонии босуръат пайваста кӯшиш менамояд.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Сарраёсат гуфта шуд, ки дар ин давра сарраёсат фаъолияти худро тибқи Барномаи корҳои оморӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Агентии омор ба роҳ монда, семоҳаи сеюми соли равонро бо иҷрои 531 кори оморӣ ҷамъбаст намуд, ки ба сад фоизи нақша баробар мебошад.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2023 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид