Дар Душанбе конфронси 7-уми минтақавӣ оид ба назорати ҳамгироишудаи бемории сил дар давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз шуд

Октябрь 25, 2023 17:18

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 октябр дар Душанбе конфронси 7-уми минтақавӣ оид ба назорати ҳамгироишудаи бемории сил дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор оғоз намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Конфронс бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии шарикони рушд — лоиҳаҳои USAID оид ба барҳам додани бемории сил, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи глобалии мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа, Барномаи Рушди СММ доир мегардад.  Дар он коршиносон ва роҳбарони соҳаи тандурустӣ аз давлатҳои гуногун ҷамъ омада, давоми ду рӯз усулҳои муосири ташхис, табобат ва пешгирии бемории сил ва сили  ба доруҳо устуворро (ДТБ) баррасӣ менамоянд.

Муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иброз намуд, ки сарфи назар аз пешравӣ дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сил он ҳамчун хатари ҷиддӣ ба саломатӣ ва ҳаёти инсон боқӣ мемонад.

«Мо бо мушкилот, аз қабили муқовимати антибиотикҳо, омилҳои иҷтимоии бемориҳо ва дастрасӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ рӯ ба рӯ мешавем. Солҳои охир дар Тоҷикистон мизони беморӣ ва фавт аз бемории сил бомуваффақият коҳиш ёфтааст. Ин муваффақият аз талошҳои Тоҷикистон ва сол то сол беҳтар шудани сатҳу сифати ташхис ва табобат гувоҳӣ медиҳад. Барномаи самараноки мубориза бар зидди сил иқтидори пурқуввати ташхисгоҳҳоро барои ташхиси дақиқ ва мониторинги натиҷаҳои табобат талаб менамояд. Тоҷикистон ба таҳкими низомҳои ташхисгоҳҳо (лаборатория) тавассути сармоягузорӣ ба технологияҳои муосир ва омӯзиши кадрҳо афзалият медиҳад”,- афзуд номбурда.

Ғафур Муҳсинзода тазаккур дод, ки солҳои охир дар Тоҷикистон технологияҳои инноватсионии ташхиси бемории сил ҷорӣ шудаанд. Бо истифодаи  технологияи GeneXpert ва Baktek дар ташхиси бемории сил, бахусус муайян намудани штаммҳои ба дору тобовар  ба пешравиҳои назаррас ноил гаштем.


Ҷаласаи якуми конфронс ба дурнамои глобалии мубориза бо бемории сил ва сили ба дору тобовар (ДТ-СИЛ) бахшида шуд. Давоми ду рӯз мутахассисон  муқаррароти ҷаласаи сатҳи олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба бемории сил ва уҳдадориҳои дар эъломияҳои сиёсӣ қабулшударо баррасӣ менамоянд. Ҳамчунин дурнамои глобалӣ ва миллӣ оид ба мубориза бар зидди бемории сил муаррифӣ гардида, тағйироти дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омада ва мавзуъҳои дигар низ баррасӣ мегарданд.

Иҷлосияи дуюми пленарӣ ба дастовардҳо ва ҳадафҳои барномаҳои миллии мубориза бо бемории сил дар давлатҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Дар нишаст намояндагони давлатҳои мухталифи минтақа аз таҷрибаи худ дар мавриди иҷрои барномаҳои миллии мубориза бо бемории сил табодули назар намуда, натиҷаи  бадастомадаро баррасӣ ва иқдоми минбаъдаро мушаххас менамоянд. Ин ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки аз таҷрибаҳои арзишманди ҳамдигар бархурдор бошанд ва ҳамкории байни давлатҳоро минбаъд низ таҳким бахшанд.

Инчунин дар доираи конфронс тавсияҳои охирини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба ташхиси лаборатории бемории сил ва усулҳои инноватсионии ташхис пешниҳод мегарданд. Иштирокчиёни конфронс нақши озмоишгоҳҳоро дар назорати муқовимат ба дорувории ба сил тобовар ва ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ барои идоракунии иттилооти тандурустиро баррасӣ менамоянд.

Коршиносон нақшаи чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди бемории силро барои минтақаи аврупоии СҶТ муаррифӣ намуда, хабарҳои ҷаҳониро оид ба табобати бемории сили ба дору тобовар баррасӣ менамоянд. Ба бемории сили даврони кӯдакӣ ва мушкилоти марбут ба сарбории баланди бемории сил дар байни кӯдакон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад.

Пагоҳ ҷаласаи ҷамъбастӣ, муҳокима ва қабули қарори конфронс доир мешавад, ки дар он хулосаю тавсияҳои калидӣ баён мегарданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар конфронс коршиносон ва намояндагон аз панҷ давлати Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок доранд. Иштироки намояндагони давлатҳои гуногун ба табодули дониш ва таҷриба мусоидат намуда, ба таҳия ва татбиқи стратегияҳои муштараки пешгирӣ ва табобати бемории сил, пурзӯр намудани мубориза бо ин бемории вазнин мусоидат менамояд.

Конфронси 7-уми минтақавӣ оид ба назорати ҳамаҷонибаи бемории сил дар давлатҳои Осиёи Марказӣ 26 октябр анҷом меёбад.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2023 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?