Дар Душанбе масъалаи ҳамкории илмию пажуҳишии марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр вохӯрии Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов ва муовини директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сакуов баргузор гардида, масъалаҳои ҳамкории илмию пажуҳишии марказҳои зеҳнии ҳарду давлат мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии Сарварони сиёсии худ дар ҳама бахшҳо намунаи беҳтарини ҳамкориро амалӣ намудаанд. Барои рушди бештар дар баробари дигар мақомоту идораҳо ва татбиқи ҳадафҳои муштарак марказҳои таҳлилии моро зарур аст, ки ҳамкории васеи илмӣ-таҳлилӣ ва машваратиро тақвият бахшанд.
Дар мулоқот ба ҳамтои қазоқистонӣ оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон маълумоти муфассал ироа гардид. Аз ҷумла, иброз шуд, ки Марказ барои ҳамкории минбаъда ва баргузории пажуҳишҳои муштарак бо Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамеша омода мебошад.
Изҳори боварӣ шуд, ки робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, илмиву адабии Тоҷикистон ва Қазоқистон минбаъд низ густариш ва равнақ меёбанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






