Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

Октябрь 3, 2023 09:33

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.

Дар конференсия  олимону муҳаққиқон  ва коршиносони соҳа маърузаи илмӣ менамоянд.

Гуногунии биологӣ захираҳои эҳтиёҷи асосии фаъолияти устувори барои ҳаёт муҳимро таъмин менамоянд. Сабаби ба даст овардани экосистемаҳо, сохторҳо ва вазифаҳои мураккабу гуногун дар он аст, ки намудҳои ваҳшӣ зинда мемонанд, эволютсия мешаванд, гуногунранг мешаванд ва хусусияти нави генетикӣ мегиранд.

Гуногунии биологӣ дар ҷаҳон зимни кор бо ташаббуси Барномаи ҳифзи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид оғоз ёфтааст. Дар Саммити ҷаҳонии рушди устувори соли 1992 бинобар он далел, ки паст шудани сатҳи гуногунии биологӣ метавонад танҳо тавассути кӯшишҳои байналмилалӣ бартараф шавад, Конвенсия дар бораи гуногунии биологӣ қабул гардид.

Конференсия дар 5 бахш идома ёфта, олимон натиҷаи тадқиқоти илмӣ-амалии худро давоми ду рӯз пешниҳод ва баррасӣ менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2023 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд