Дар Хуҷанд Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор мегардад

Октябрь 21, 2023 08:43

ДУШАНБЕ, 21.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон 26 октябр дар шаҳри Хуҷанд Фестивали  «Саводнокии молиявӣ» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни Фестивали «Саводнокии молиявӣ»  намоиши хизматрасонии молиявӣ ва суғуртавӣ, Форуми саводнокии молиявӣ, машваратҳо, бурди туҳфаҳо, барномаи фароғатии кӯдакона, стенд-ап дар мавзуи молия, инчунин  барномаҳои консертӣ ташкил мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории  Фестивали «Саводнокии молиявӣ»  баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии ҷомеа ва сарфакорона истифода намудани пасандозҳо арзёбӣ мегардад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 21, 2023 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд