Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Октябрь 5, 2023 17:13

ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки масъулин ва ҳайати кормандони корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ таъкид шуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз ва нигоҳдошти забон, ки яке аз рукнҳои давлтдории миллӣ маҳсуб мешавад, тадбирҳои судманд андешида шудаанд.

Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми Пешвои миллат мавқеи забони тоҷикӣ устувор гардид. Ин аст, ки дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони ноби тоҷикӣ сухан намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои мубрами сайёра даъват менамоянд. Садо додани суханрониҳои Сарвари давлат бо забони давлатӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои муътабари байналмилалӣ мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Дар ҷамъомади тантанавӣ гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, бақои давлату давлатдории миллӣ ва рамзи ҳамбастагию иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон ва кулли тоҷикони ҷаҳон аст.

АКС: КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Октябрь 5, 2023 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд