Дар Мактаб-интернати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин оид ба пешгирии хатари офатҳои табиӣ машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуданд

Октябрь 10, 2023 15:43

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ҳамасола  13 октябр гузаронида мешавад, дар Мактаб-интернати №13 барои кӯдакони лаёқатманд ва ятими ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  ва мудофиаи гражданӣ дар ин ноҳия дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни омӯзиши намоишӣ кормандони Кумита шароити ба воқеият наздик фароҳам оварданд. Иштирокчиён ба воҳима дода нашуда, калонсолону кӯдакон сари вақт аз бино берун шуданд. Наҷотдиҳандагони Раёсати байниноҳиявии Кумита дар минтақаи Кӯлоби ноҳияҳои Кӯлоб, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда буданд, донишҷӯеро, ки дар синфхона монда буд, аз минтақаи «хатарнок» берун оварданд.

Санҷиши амалии нақшаи тахлия мувофиқи чашмдошт гузашт — мактаббачагон дар гурӯҳҳои муташаккил таҳти роҳбарии муаллимон биноро тарк намуданд. Вақте ки тамоми иштирокчиёни чорабинӣ дар варзишгоҳ ҷамъ омаданд, наҷотдиҳандагон барои мактаббачагон оид ба наҷоти одамон аз бино машқҳои намоишӣ гузарониданд. Вохӯрӣ дар толори маҷлиси мактаб идома ёфт.

Дар муколама кормандони шуъбаи байниноҳиявии Кумита, хадамоти оташнишонӣ ва табибон иштирок варзиданд.

Сардори Раёсати Кумита дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин натиҷаи омӯзишро ҷамъбаст намуда, аҳамияти баргузории чунин омӯзишҳоро таъкид намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба зарурати омӯзонидани насли наврас ҷалб намуд.

Наҷотдиҳандагон бовар доранд, ки чорабиниҳо оид ба амалиёти фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулода дониш ва малакаҳои амалӣ  фароҳам меоранд, зеро онҳо дар сурати таҳдиди воқеӣ на танҳо ба арзёбии дурусти дараҷаи хатар, балки пешгирии оқибатҳои фоҷиавӣ низ мусоидат менамоянд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 10, 2023 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид