Дар Марокаш ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки саноатӣ ва тиҷоратии Чин ва Агентии рейтингии Moody’s баррасӣ шуд

Октябрь 15, 2023 11:40

ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар Шоҳигарии Марокаш баргузор гардиданд, бо намояндагони Бонки саноатӣ ва тиҷоратии Чин (ICBC) мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъалаҳои мавриди назар, аз қабили хизматрасонии хазинадорӣ, хадамоти нигоҳдорӣ, идора намудани дороиҳо, дигар хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратӣ, инчунин васеъ намудани амалиёт тавассути суратҳисобҳои муросилотиро мавриди баррасӣ қарор доданд ва оид ба идома додани ҳамкорӣ дар оянда изҳори омодагӣ баён намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин бо намояндагони Агентии рейтингии Moody’s мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳим, аз қабили фаъолияти бозорӣ, муносибат бо сохторҳои тиҷоратӣ, имкониятҳои васеъ намудани доираи ҳамкорӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима намуда, изҳор доштанд, ки дар ин самт гуфтушунидро идома хоҳанд дод.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2023 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд