Дар Марокаш Вазири молияи Тоҷикистон бо директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои амалиётӣ вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои амалиётӣ хонум Анна Бйерде вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи татбиқи саривақтии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуда, оид ба ҷалби маблағҳои иловагӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти мамлакат изҳори назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ иштирок дорад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






