Дар Москва бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ барномаи консертӣ доир гардид

Октябрь 6, 2023 10:37

ДУШАНБЕ, 06.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар шаҳри Москва дар доираи сафари ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ консерти тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Дар барнома намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Русия, аҳли  илму фарҳанг, донишҷӯён, инчунин ҳамватанони муқими Русия  иштирок намуданд.

Барномаи пурмуҳтаво ва ҷолиб, ки аз ҷониби ҳайати эҷодӣ омода гардида буд,  ҳозиринро бо фарҳанги пурғановат, мероси маънавӣ, санъат ва анъанаи беназири халқи тоҷик ошно сохт.  Мусиқии ноби тоҷикӣ, оҳангҳои дилнишин ва рақсҳои зебои духтарони тоҷик аҳли нишастро дар фазои зебо ва пурнишоти Тоҷикистон қарор дод.

Дар доираи сафари ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин баргузории барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Уфа дар назар аст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Октябрь 6, 2023 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд