Дар муассисаҳои миёнаи №28 ва №25-и ноҳияи Фархор синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияи Фархор бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фархор синфхонаҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, воқеъ дар деҳаи Бобосафоли Ҷамоати деҳоти Гулшан дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи лоиҳа, иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 синфхона барои 320 ҷойи нишаст дар як баст, толори варзишӣ, китобхона, ошхона ва синфхонаҳои фаннӣ мебошад.
Фармоишгари сохтмон Филиали сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, лоиҳакаш КФ КВД «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Темурмалик ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Болҳои Сафед» буда, бо маблағи 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.
Ҳамчунин маорифчиён аз чунин туҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия менамоянд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Фархор низ синфхонаҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
АКС: Шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






