Дар ноҳияи Мастчоҳ маркази хизматрасонии «Спитаменбонк» ба фаъолият оғоз намуд

Октябрь 8, 2023 15:51

ДУШАНБЕ, 08.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ маркази хизматрасонии «Спитаменбонк» ба фаъолият шуруъ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Маркази хизматрасонии бонкии «Спитаменбонк» бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои хизматрасонии босифати мизоҷон бо роҳи пешниҳоди доираи васеи амалиёти бонкӣ, аз ҷумла бастани шартномаҳо барои пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ, кушодани суратҳисобҳо, интиқоли маблағ, пешниҳоди қарзҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддат бо фоизи паст ва пешниҳоди кортҳои пардохтӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон дар ин марказ 8 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ намояндагии 6 бонки давлативу тиҷоратӣ фаъолият менамоянд, ки дар нуҳ моҳи соли равон барои рушди соҳибкорӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва дигар намудҳои  хизматрасонӣ  зиёда аз 98 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 10 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Октябрь 8, 2023 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд