Дар ноҳияи Шуғнон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар маркази ноҳияи Шуғнон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Ҳамзамон барои роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон туҳфаи Пешвои миллат- нақлиёти нави хизматии тамғаи Нива дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.
Дар маросими баистифодадиҳии бинои мазкур Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якум утоқи кории кормандон, китобхона бо 1000 нусха адабиёти шоирони муосиру классик ва соҳавӣ, ҳамчунин утоқи бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд.
Ошёнаи дуюм аз толори калони маҷлисӣ барои 70 ҷойи нишаст, утоқи роҳбарият ва дигар утоқҳои корӣ иборат аст.
Зимни шиносоӣ бо шароити кории бино раиси вилоят ва муовини якуми Раиси ҲХДТ ба корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон аз ҷониби шахсони саховатпеша ва аъзои фаъоли ҳизб сохта шуда, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон дар ваъияти тантанавӣ ба ҷавонони ноҳия, ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ қабул шуданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Роҳбарият зимни суҳбат бо кормандон ва раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон таъкид доштанд, ки фаъолиятро ҷоннок намуда, дар рушд ва пешрафти ммлакат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳисса гузоранд.
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ваъда доданд, ки дастурҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, дар ободӣ ва суботи мамлакат саҳм мегузоранд.
Қомат афрохтани бино ба ҳусни маркази ноҳия таровати тоза зам менамояд. Атрофи иншоот бо гулҳо оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид






