Дар Прокуратураи генералӣ натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони масъули дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Прокуратураи генералӣ.
Тавре дар хабари расмӣ омадааст, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳои назорати прокурорӣ 5 ҳазору 669 санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 39 ҳазору 387 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шуд. Дар ин давра 52 ҳазору 781 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд, 3 ҳазору 361 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, маблағи 863,4 млн сомонӣ барқарор шудааст, ки аз ин миқдор 341,4 млн сомонӣ ба манфиати давлат мебошад. Ҳамчунин бо дахолати прокуророн 14 026 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Дар 9 моҳи соли равон ба мақомот 30 ҳазору 476 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, 8 ҳазору 823 адади онҳо аз ҷониби прокуророн бевосита баррасӣ шуда, 2 ҳазору 295 муроҷиат қонеъ гардонида шудааст. Дар натиҷа, дар ин давра ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 239 ҳазору 963 нафар шаҳрвандон барқарор шудааст.
Дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 16 572 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 752 ҷиноят ё 4,3% кам мебошад.
Дар ин давра прокуророн назоратро ба 9 ҳазору 770 парвандаи ҷиноятӣ таъмин намуда, аз ин шумора 8 ҳазору 974 парвандаро ба суд ирсол намуданд. Аз ҷумла, муфаттишони прокуратура тафтиши 3 ҳазору 312 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, дар рафти тафтиши пешакӣ 124,3 млн сомонӣ, аз ҷумла 51,8 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шудааст.
Прокурорҳо дар баррасии 7 ҳазору 333 парвандаи ҷиноятӣ, 7 ҳазору 828 парвандаи гражданиву оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои ғайриқонунии судҳо бо ин парвандаҳо 514 эътироз овардаанд.
АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






