Дар Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб омодагӣ ба зимистон вусъат меёбад
КӮЛОБ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб корҳои омодагӣ ба зимистони солҳои 2023-2024 идома доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Кормандони соҳа зиёда аз 38 трансформатори қуввагии 6, 10 ва 04-киловолтаро бо қувваи худӣ таъмир намуданд. Инчунин ноқилҳои фарсудаи буриши кундалангиашон паст ба буриши кундалангиашон баланд ба дарозии 4 км иваз шуд.
Директори филиали мазкур Наврӯз Кишваров иброз дошт, ки «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб корҳои таъмирию баҳрабардорӣ гузаронида, ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 омода мебошанд. Инчунин дар ин давра 16 пояи барқие, ки фарсуда буданд, ба пояҳои нав иваз шуданд. Барои бемушкилӣ паси сар намудани зимистон 40 трансформатор аз таъмир бароварда шуд. Кормандони шабакаҳои барқӣ бо либосҳои махсус ва техникаҳои зарурӣ таъмин мегарданд».
Бо мақсади таъмини кори боэътимоди иншооти энергетикӣ, кам кардани исрофи техникии барқ ва бо барқи хушсифат таъмин намудани аҳолӣ ва деҳаҳои шаҳри Кӯлоб 5 трансформатори иловагӣ гузошта шуд. Инчунин дар деҳаҳои Лағмон, Ҷамоати деҳоти Кӯлоб ва маҳаллаи ҳаштум трасформаторҳои иловагӣ гузошта шуданд. Дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо ҷалби гурӯҳи мутахассисон корҳои таъмирӣ ва тоза намудани хатҳои барқ аз шохаҳои дарахтон идома доранд.
Кормандони филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тақсимоти шабакаҳои барқ» дар шаҳри Кӯлоб барои пешрафти корҳои таъмирӣ саъю кӯшиш намуда, аҳолиро дар фасли зимистон бо барқ таъмин менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






