Дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ҳашари экологии «Тозагии шоҳроҳ» доир гардид

Октябрь 25, 2023 19:33

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ҳашари экологии «Тозагии шоҳроҳ» доир гардид, ки дар он кормандони соҳаи коммуналӣ ва сокинони маҳаллаи Чимтеппа дар масофаи 300 метр шоҳроҳро аз партовҳои пластикӣ тоза намуданд.

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе  гуфтанд, ки аз ҳудуди шаҳри Душанбе ба самти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шоҳроҳҳои Душанбе-Бохтар, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Ваҳдат тӯл кашидаанд, ки бо мақсади таъмини тозагию озодагии шоҳроҳҳо пайваста ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд.

Дар нуҳ моҳи сипаришуда дар шаҳри Душанбе 28 маротиба ҳашари «Тозагии шоҳроҳ» доир гардида, зимни он ки дар ҳаҷми 244, 1 м3 партов ҷамъоварӣ ва бароварда шудааст.

Ҳадаф аз баргузории чунин ҳашарҳо, пеш аз ҳама, тоза намудани муҳити зист, бахусус атрофи шоҳроҳҳо ва ба ин васила баланд бардоштани маърифати экологӣ ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ мебошад.

То анҷоми соли равон чунин ҳашарҳо дар ноҳияҳои пойтахт доир мегарданд.

АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист

Октябрь 25, 2023 19:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад