Дар Тоҷикистон Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ доир мегардад. Мақсад аз баргузории он афзун намудани саршумори чорвои зотӣ ва рушди ин соҳа мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии мамлакат .
Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ 4 ноябр дар вилояти Хатлон, 11 ноябр дар вилояти Суғд ва 18 ноябр дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 майи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 578 ҳазору 270 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 335 ҳазор модагов, 6 миллиону 569 ҳазор сар гӯсфанду буз ва 85 ҳазор сар асп мавҷуд мебошад. Дар ин давра 64 822 тонна гӯшт ва 258 101 тонна шир истеҳсол шудааст.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






