Дастаи «Панҷшер» аз Лигаи якум ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳ ёфт

Октябрь 30, 2023 18:18

ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бозии даври 24-уми Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи футболи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисорро мағлуб намуд. Пас аз ин ғалаба даста бо 50 итмиёз дар зинаи аввал мавқеашро мустаҳкам намуда, ҳуқуқи иштирок дар мавсими ояндаи Лигаи олиро ба даст овард. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо назардошти тафовут нисбат ба таъқибкунандагон дар ҳоли бохт дар ду бозии ояндааш ҳам даста аз зинаи дуюм поёнтар намефарояд.

Ёдовар мешавем, ки таъқибкунандаи асосии дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан мебошад, ки ҳоло бо 46 имтиёз дар зинаи дуюм ҷой дорад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 30, 2023 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд