Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар масири Душанбе-Панҷакент хатсайри нави сайёҳӣ таъсис дод
ДУШАНБЕ, 21.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини кафедраи сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо истифода аз иқтидори илмии кафедра бо ҷалби донишҷӯёни боистеъдод дар масири Душанбе-Панҷакент хатсайри нави сайёҳиро фаъол намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин тадбир дар доираи иҷрои чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи рушди сайëҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон андешида шуд.
Гурӯҳи устодону донишҷӯёни бахши сайёҳии донишгоҳ дар доираи хатсайри Душанбе-Панҷакент ба шаҳри бостонии Панҷакент сафари сайёҳӣ созмон дода, бо ёдгориҳои бостонии ин шаҳри куҳани Тоҷикистон, аз қабили Панҷакенти қадим (асрҳои 5-8), Саразм (ҳазораҳои 4-3 то мелод), мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро (асрҳои 11-14) ва Осорхонаи адабии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ (1941- 2000) шинос шуданд, ки ба ташаккули фаъолияти касбӣ ва руҳияи маънавии устодону донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамзамон дар доираи хатсайри Душанбе-Панҷакент ва шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихии Панҷакенти қадим маводи илмӣ ва аксҳои ҷолиб ҷамъоварӣ гардид, ки дар раванди таълим ба донишҷӯёни бахши сайёҳӣ омӯзонида мешаванд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд






