Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (МТОК) ҷумҳуриҳои Беларус ва Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Шумораи созишномаҳои нави ҳамкорӣ қариб 40 ададро ташкил медиҳад.
Созишномаҳо дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии давлатҳо омода гардида, дар самти омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузоранд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус доир гардид. Кори форум дар бахшҳо идома ёфта, дар бахши дуюм — «Технологияи рақамӣ дар соҳаи маориф» аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода модератор интихоб гардид.
Дар ин бахш муҳимтарин масъалаҳои низоми маориф аз ҷониби намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат – Тоҷикистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи роҳбарони олии Тоҷикистон ва Беларус рушди илму маориф дар тамоми давра ба самти муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус ба рушди муносибатҳои минбаъда такони ҷиддӣ мебахшад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






