Донишгоҳҳои давлатии тиббии Тоҷикистон ва Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Витебски Ҷумҳурии Беларус, инчунин Донишгоҳи давлатии тиббии Гомели Ҷумҳурии Беларус созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон хабар доданд.
Созишномаҳо зимни баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки 5-6 октябр дар шаҳри Минск баргузор гардид, ба имзо расиданд.
Зимни форум ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд бо роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Ҷумҳурии Беларус мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷониба анҷом дода, имзои ин созишномаҳоро ба табодули таҷрибаи пешқадам ва такмили ихтисоси устодону донишҷӯён рабт дод.
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои маърифатӣ ва фарҳангии ду давлат мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино








ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






