«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар ҷаласаи ҳайати Комиссияи озмун масъалаи ба таври шаффоф гузаронидани он баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Зимни он раиси комиссия аз ҳайати доварон даъват ба амал овард, ки дар ҷараёни озмун шаффофиятро таъмин намуда, бо иштирокдорон вобаста ба синну сол муносибат намоянд.
Зимни баррасии масъалаҳо муовини Сарвазири мамлакат, нахуст, раис ва аъзои ҳакамон, комиссияи апелятсионӣ, инчунин ҷадвали баргузории озмунро муаррифӣ намуда, таъкид дошт, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар чор озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби аҳолӣ, махсусан, хонандагону омӯзгорон ва ҷавонону табақаи калонсоли кишвар дастгирии васеъ пайдо кардааст.
«Ҳадафи асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш ва китобу китобхонӣ дар байни аҳолии мамлакат аст. Дар ин росто, барои ғолибони ин озмунҳо дар баробари мукофотҳои пулӣ як қатор имтиёзҳо низ муқаррар гардидааст», — таъкид намуд Матлубахон Сатториён.


Ҳамчунин дар идома аз ҳайати комиссияи апелятсионӣ низ ҷиҳати холисона баррасӣ шудани муроҷиатҳо даъват ба амал оварда шуд.
Дар охир, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда, бо назардошти таклифу пешниҳодоти иштирокдорони ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, аз ҷониби раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён ба ҳайат ва аъзои комиссия дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффоф ва холисона баргузор намудани даври ҷамъбастии озмун тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар охир мубодилаи афкор анҷом дода шуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаштани озмун таклифу пешниҳоди иштирокдорон шунида шуд.








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд






