ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» дар Малайзия бозӣ менамояд

Октябрь 11, 2023 11:35

ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр  дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи «Ҷоми Mердека-2023» дастаи мунтахаби Тоҷикистон  оид ба футбол  таҳти роҳбарии Петр Сегрт дар Малайзия нахустин тамринҳои худро анҷом дод. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз 23 бозингаре, ки барои иштирок дар ин мусобиқот даъват шудаанд, 18 нафарашон ҳоло дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ҳастанд.

Имрӯз, 11 октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон пурра ҷамъ мешавад. Кумитаи тадорукоти мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» ба қолаби мусобиқа тағйирот ворид намуд. Қарор буд, ки  дар даври нимниҳоии мусобиқот дастаи мунтахаби Фаластин 13 октябр бо  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон бозӣ намояд,  вале  дастаи мунтахаби Фаластин  дар ин мусобиқот иштирок наменамояд.

Ба ин тартиб, дастаи  мунтахаби Тоҷикистон пеш аз муҳлат ба финали «Ҷоми Мердека-2023» роҳ ёфта, 17 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур бо ғолиби даври нимниҳоӣ байни дастаҳои мунтахаби Малайзия – Ҳиндустон рақобат менамояд.

 Мусобиқаи байналмиллалии «Ҷоми Мердека-2023»

Даври ½-ниҳоӣ

13 октябр (ҷумъа)

18:00 –Малайзия –Ҳиндустон

Финал

17 октябр (сешанбе)

18:00 – Ғолиби ҷуфти Малайзия/  Ҳиндустон –ТОҶИКИСТОН 

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 11, 2023 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд