ХУШХАБАРИ ВАРЗИШӢ: Дастаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 11 октябр дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» мақоми якумро касб намуда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бар дастаи мунтахаби Мянма бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳои дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистонро дар бозӣ Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров ва Комрон Алиев ба нишон расониданд.
Ба ин тартиб дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳар се бозии интихобӣ пирӯз шуд. Қаблан футзалбозони мо бар дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (6:3) ва Фаластин (6:1) ғалаба намуда буданд.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар Ҷоми Осиё оид ба футзал иштирок менамояд. Хотиррасон менамоем, ки Чемпионати ҳабдаҳуми Осиё оид ба футзал соли оянда аз 17 то 28 апрел дар Тайланд баргузор мешавад.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал
Гурӯҳи «E». Даври 3
ТОҶИКИСТОН – Мянма – 3:0
Голҳо: Файзалӣ Сардоров, 11 (1:0). Идрис Ёров, 12 (1:0). Комрон Алиев, 13 (3:0).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Файзалӣ Сардоров (Тоҷикистон).
11 октябр. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 2300 тамошобин.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






