ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар пиряхҳои болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва корҳои тадқиқотӣ-саҳроӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар пиряхҳои болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва корҳои тадқиқотӣ-саҳроӣ гузаронида шуданд, ки зимни онҳо мутахассисони соҳавӣ, аз ҷумла раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода ва директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва корҳои тадқиқотӣ-саҳроӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии обуҳавошиносии мамлакат гузаронида шуданд.


Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола дар мавсимҳои сол ҷиҳати муайян намудани захираи барф ва ҳолати пиряхҳои мамлакат корҳои тадқиқотӣ-омӯзишӣ, экспедитсияҳо ва мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронида мешаванд.
Мутахассисони соҳавӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати кунунии пиряхҳои болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон дар болои пиряхи ин мавзеъ мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронида, дар забонаи пирях бо истифода аз таҷҳизоти соҳавӣ корҳои амалӣ ва тадқиқотӣ анҷом дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






