Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи сайёҳии байналмилалии Expo Japan муаррифӣ карда шуд

Октябрь 28, 2023 11:16

ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар ЭКСПО-и сайёҳии Ҷопон 2023, ки аз 26 то 29 октябр дар шаҳри Осака баргузор мегардад, ба намоиш гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоишгоҳ ҳайати кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуда, зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба маърази тамошои меҳмонон ва иштирокдорони намоишгоҳ пешкаш намуданд.

Маросими ифтитоҳии бахши гӯшаи Осиёи Марказӣ 26 октябр доир гардид, ки дар он намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон  иштирок намуданд. Роҳбарони ҳайатҳои расмии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо сухани ифтитоҳӣ ба кори бахши Осиёи Марказӣ оғоз бахшиданд.

Дар ин бахш панҷ давлати Осиёи Марказӣ гӯшаҳои худро бо маводи таблиғотӣ ва анҷому хӯрокҳои миллӣ ороиш дода, ба намоиш гузоштанд. Гӯшаи Тоҷикистон низ бо истифода аз маводи таблиғотии сайёҳӣ, меваҷоти хушк ва сарулибоси миллии тоҷикӣ оро ёфта буд.


Бо ибтикор ва дастгирии молиявии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) бахши муштараки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи ЭКСПО-и сайёҳии Ҷопон 2023 омода гардид.

ЭКСПО-и сайёҳии Ҷопон 2023 аз ҷониби ширкат ва ассотсиятсияҳои бузурги ҷопонӣ Japan Travel and Tourism Association (JTTA), Japan Association of Travel Agents (JATA) ва Japan National Tourism Organization (JNTO) ташкил шудааст.

ЭКСПО чорабинии фарогири тиҷорати сайёҳӣ буда, давлатҳои калидӣ дар соҳаи ҷаҳонии гардишгарӣ ва сайёҳонро муттаҳид менамояд. Дар доираи ин чорабинӣ вохӯриҳои корӣ, мубодила, мубоҳисаҳо ва таблиғоти мустақим байни ширкатҳо ва мизоҷон доир мегарданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 28, 2023 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ