Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат ба амал меояд

Октябрь 7, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 07.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бештари минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борони бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 5-3 дараҷа паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони бошиддат ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани борони бошиддат, инчунин раъду барқ ва жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок  шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат ба амал омада, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок дар назар дошта  шуда, шабона дар водиҳо борон, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона борон ба амал омада, рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 7, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд