ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Дар Тоҷикистон то соли 2025 сохтмони иншооти марказҳои логистикӣ ба итмом расонида мешавад

Октябрь 15, 2023 13:35

ДУШАНБЕ, 15.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон таҷлил мегардад. Кишоварзӣ соҳаи муҳими хоҷагии халқи мамлакат буда, рушди мунтазами он аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзиро аз ҷумлаи соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ дониста, таъмини амнияти озуқавории мардум ва беҳдошти вазъи иқисодии аҳолиро ба дараҷаи рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста баҳогузорӣ кардаанд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 қаблан дар   мамлакат  Рӯзи кишоварзон 8 октябр  таҷлил мегардид. Тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардиданд, Рӯзи кишоварзон ба 15 октябр гузаронида шуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН вобаста ба фаъолияти кишоварзон ва имтиёзҳое, ки ба ин соҳа равона гардидаанд, бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон ҲАКИМЗОДА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ ҷашни Меҳргон дигарбора эҳё гардид ва ба ҷашни миллии мардумӣ табдил ёфт. Меҳргон на танҳо хусусияти тамаддуни фарҳангӣ дорад, инчунин ба хотири намоиши маҳсулоти дастранҷӣ яксолаи кишоварзон таҷлил мегардад. Беҳуда ҳам нест, ки онро ҷашни кишоварзон меноманд. Назари шумо дар ин бора?

Қурбон Ҳакимзода: Меҳргон яке аз меҳварҳои муҳими хештаншиносӣ шинохта шуда, он ба гурӯҳ ва доираи халқе маҳдуд намешавад. Имрӯзҳо аҳли зиё, хурду бузург, кишоварзон ва доираҳои дигари ихлосманд ҷашни Меҳргонро бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш дар радифи беҳтарин маросимҳои миллӣ таҷлил менамоянд.Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Ҷашни Меҳргон сеюмин иди умумимилии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, рамзи аҳду паймон, дӯстиву муҳаббат, покию покизакорӣ ва гуфтору рафтори нек маҳсуб меёбаду, он ҷашни созандагию натиҷагирӣ аз меҳнати пурбаракати деҳқон буда, арҷгузорӣ ба унсурҳои табиату обу замин мебошад. Дар рӯи дастархони ҷашнӣ ҷоми оташ ё шамъ, шакар, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва чизҳои дорои бӯйи хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳанд. Суфраро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рӯйида оро медоданд.

Нони махсуси Меҳргон аз омехтани орд ва ҳафт навъи ғаллаи гуногун таҳия мегардид. Дар ин ҳафт навъи ғалла гандум, ҷав, биринҷ, нахуд, лӯбиё, мош ва арзан дохил мешуд. Инчунин рӯйи хон меваҳои тару тоза, шохҳои гулу шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ мегузоштанд. Ҳар маводу хӯрокаи болои хон рамзи хоси худро дошт. Болои хони ҷашнӣ ҳамагуна меваҷоту шириниҳо ва нушобаҳо мегузоштанду маҳбубтарину лазизтарин таоми болои хон мурғи Меҳргон ба ҳисоб мерафт, ки андаруни он ҳар гуна ғизоҳо ҷой мекарданд. Таомуле аҷиб буд, ки то анҷоми ҷашн  ба ҷузъ бачагон дигар касе ҳақ надошт, ки меваҷоти мурғи Меҳргонро тановул намояд, зеро ба қавли ниёгон танҳо бачагон чун фариштаҳои осмонӣ аз гуноҳ ориянду бас.

Пас, нозу неъмати оростаи марди деҳқонро нӯши ҷон менамуданд, дастархонро ҷамъ карда дар ҷашнгоҳ оташ меафрӯхтанд ва ромишгарон дастгоҳи сози худро ҷӯр мекарданд. 

АМИТ «Ховар»: Истифодаи самараноки қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар шароити камзаминии мамлакат, талаботи рӯзафзуни аҳолии ҷаҳон ба ғизо ва таъмини ҳадафҳои стратегии мамлакат аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд. Вазорати кишварзӣ доир ба ин масъалаи муҳим кадом тадбирҳоро амалӣ менамояд? 

Қурбон Ҳакимзода: Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ барои фасли сармо мебошад. Дар ин навбат, мехоҳам, ёдовар шавам, ки ғайр аз майдонҳои кишоварзии саҳроӣ деҳқонон заминҳои наздиҳавлигии хешро самаранок истифода мебаранд. Дуруст аст, ки аз ҷиҳати ҳаҷм ин заминҳо хурданд, вале метавон бо меҳнати пайваста ҳосили хуб ба даст овард ва хонаводаро бо маҳсулоти худӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидор, бодиринг, булғорӣ ва кабудиҳои истеъмолӣ таъмин кард.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки: «Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем»

Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бо мақсади иҷрои супориши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби «Тавсиянома оид ба самаранок истифодабарии  заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро,соли 2022  ки аз ҷониби гурӯҳи олимони соҳа таҳия карда шудааст омода намуда, ҷиҳати истифода ба хоҷагидорон пешниҳод намуд. Тавсияномаи мазкур аз ҷониби олимони соҳа таҳия гардида, маълумот оид ба истифодобарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ дар шароиту иқлими Тоҷикистон оварда шудааст. Он барои хоҷагидорони ҷумҳурӣ маводи хубе ба шумор рафта, дар раванди истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигӣ, ки дар ҷумҳури бештар аз 70 ҳазор гектар аз он 50 ҳазор гектараш обӣ ба шумор меравад, дастури саривақтист. Дар тавсиянома вобаста ба 26 технологияи парвариши зироатҳои сабзавотӣ ва дарахтони мевадиҳандаю буттагиҳо оварда шудааст.

Аз гуфтаҳои болоӣ аён гардид, ки дуруст истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ барои беҳтар гардидани вазъи оилавӣ ва таъмини мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ замина мешавад. Ҳар яки моро зарур аст, ки барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳмгузор бошем.

АМИТ «Ховар»: Ҳамкориҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст?  

Қурбон Ҳакимзода: Бо мақсади тақвият бахшидан ба иқтидори содиротии мамлакат дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2020, Ситоди корӣ оид ба ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ бо риояи қатъии талаботи фитосанитарию эпидимиологӣ таъсис дода шуда, мунтазам ҷаласаҳои корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 20 давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда мешавад, ки аз он 92 фоиз ба давлатҳои ИДМ ва 8 фоиз ба давлатҳои хориҷии дур рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ аввалин маротиба содироти тухми истеъмолӣ, гушти мурғ ва тухми инкубатсионӣ ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шуда, дар давраи соли 2022 943 тонна тухм (16,0 миллион дона) ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 23 тонна гушти мурғ ва 3203920 дона тухми инкубатсионӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон содирот карда шудааст. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми худ ба мақоми олии қонунбарорӣ мамлакат дар соли 2021 вобаста ба ташкили марказҳои логистикӣ ва тавассути он зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ баён доштанд, вазорат як қатор гуфтушунидҳо бо шарикони рушд доир намуд. Дар натиҷаи созиш бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати бунёди 5 адад Марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе аз ҳисоби сармояи хориҷии грантӣ қарордод ба имзо расонида шуд. Айни замон раванди озмун дар корҳои лоиҳакашию банақшагирӣ, асоснокунии техникӣ ва назорати техникӣ оғоз гардида дар нақша аст, ки то соли 2025 сохтмони иншоотҳо ба итмом расонида шавад.

Ҷиҳати афзоиши майдони гармхонаҳои муосир дар ҳамкорӣ бо Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) Лоиҳаи КЕЙ СМАРТ ФАРМ бо маблағи 5,7 млн доллари ИМА дар марҳилаи гуфтушунид қарор дорад. Барои тақвияти заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва дарёфти роҳу механизимҳои нави ҳамкорӣ бо давлатҳо ва шарикони хориҷӣ, “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва беҳдошти замини Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” «Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Иркутск ба номи А.А. Еҷевский» ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ва аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази идораи «Лоиҳаи чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» ва лоиҳаҳои «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ва «Дастгирии ѓизои мактабӣ» татбиқ гардида истодааст, ки татбиқи самаранокии лоиҳаҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

АМИТ «Ховар»: Дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? 

Қурбон Ҳакимзода: Дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолияти хешро ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони баландпояи ба талаботи меҳнат ҷавобгў тадбирҳои судманд андешидааст. Дар ин давра дар 10 факултаи донишгоҳ 5795 донишҷў аз рўйи 53 ихтисос дар таҳсили рўзона ва 29 ихтисос дар таҳсили ғоибонаю фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аз миқдори умумии донишҷўёни донишгоҳ 206 нафар барандаи квотаи Президентӣ мебошанд. Имрўз дар донишгоҳ 124 нафар шаҳрвандони хориҷа дар ҳамаи зинаҳои таҳсил ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ва Фармоиши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил ва гузаронидани тақсимоти хатмкунандагон» ҷиҳати таъмин намудани хатмкунандагон бо ҷойи кор дар донишгоҳ комиссия ташкил  карда шуд. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва корхонаву ташкилотҳои соҳавӣ соли равон 77 нафар хатмкунандаи донишгоҳ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кормандон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили дониши хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ 3 нафар тибқи даъватномаи Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA), дар магистратураи донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея ба муддати якуним сол сафарбар карда шуданд.

АМИТ «Ховар»: Дар айни замон дар соҳаи кишоварзӣ чанд имтиёзи фискалӣ пешниҳод шудаанд ва чӣ миқдори он имтиёзҳои давлатӣ мебошанд? Инчунин барои равнақи соҳаи кишоварзӣ кадом барномаҳо амалӣ мегарданд?  

Қурбон Ҳакимзода: Барои тақвият бахшидан ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 имтиёзи фискалӣ пешбинӣ шудааст, ки ин зиёда аз 13 фоизи шумораи умумии имтиёзҳои давлатиро дар бар мегарад. Барои рушди соҳа дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 18 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 9,4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид ва Фармоиши Вазорати кишоварзӣ оид ба Нақша- чорабиниҳои Барнома ба тавсиб расид. Маблағи умумии Барнома 20070,0 (бист миллиону ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, аз он 4532,0 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои буҷет ва 15547,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷалбшудаи созмонҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад. Инчунин Барномаи маҷмўавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки имсол қабул гардид ҷиҳати рушди соҳа такони ҷиддие хоҳад бахшид.

АМИТ «Ховар»: Олимони соҳа тавсия медиҳанд, ки дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ дар баробари нуриҳои минералӣ таъмин будан бо техникаю мошинолоти кишоварзӣ низ нақши муҳим мебозад. Барои ворид намудани техникаи бештари замонавӣ ба шаҳру ноҳияҳои дурдаст аз ҷониби вазорат кадом тадбирҳо андешида шудаанд?

Қурбон Ҳакимзода: Кишоварзӣ соҳаи муҳими хоҷагии халқи мамлакат буда, рушди мунтазами он аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки механиконинии соҳаи кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Бояд изҳор намуд, ки кишоварзӣ аз соҳаҳои асосӣ ва ниҳоят муҳими фаъолияти аҳолӣ буда, дар мавҷудияти ҳар як давлату ҷомеа мавқеи калидиро касб кардааст. Сарчашмаи неъматҳои моддию истеъмолӣ буда, талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои муҳими саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд. Аз руи хосияти ташаккулёбии низоми боду ҳаво, зоҳиргардии мавсим, минтақаҳои амудӣ, мавҷудияти потенсиалии нурафкании офтоб ва ташаккули ландшафтҳои табиию агросенозҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 11 ноҳияи агроиқлимӣ ҷудо карда шудааст.

Дар ин минтақаҳо вобаста ба омилҳои абиотӣ, биотӣ ва антропогенӣ муносибат ба соҳаҳои кишоварзӣ мухталиф мебошад. Аз ин рӯ нақши соҳаи механиконии кишоварзӣ дар ҳалли масоили кишоварзии ҳар як кишвар ниҳоят бузург мебошад.

Рушди босуръати соҳаи кишоварзӣ бо истифодаи техникаю технологияи муосир дар коркарди хок ва дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Дар робита ба ин бо мақсади рушди соҳаи механиконии кишоварзӣ вобаста ба танзим даровардани соҳаи механиконии кишоварзӣ дар даврони Истиылолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби қабули имтиҳон ва ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагии «механизатор-мошинист» қабул карда шуд.

Дар ин замина дар баробари дигар соҳаҳои кишоварзӣ, соҳаи механиконии кишоварзӣ ё ин ки таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ рушд ёфта, дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-2023) заминаи моддию техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ марҳила ба марҳила аз нав карда шудаистодаст. Вобаста ба ин дар ин давра шумораи техника ва мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла тракторҳои гуногунтамға ба 27909 адад, комбайнҳои ғалладаравӣ 1135 адад, ядакҳои тракторӣ 8435 адад, испорҳои тракторӣ 10862 адад, накрмкунакҳо (култиваторҳо) 3541 адад, тухмипошакҳои тракторӣ 2374 адад, аз он тухмипошакҳои пахта 1922 адад, тойбанду-тагрезчинҳо 893 адад, достҳои тракторӣ 1596 адад, картошкашинонакҳо 215 адад, картошкаканакҳо 501 адад, мошинҳои пахтачинӣ 33 адад, алафҷамъкунакҳо 378 адад ва дигар техникаҳои кишоварзӣ зиёда аз 30 ҳазор адад расонида шуд, ки ин нишондиҳандаҳо барои сари вақт таъмин намудани меъёрҳои агротехникӣ ва гирифтани се ва чор ҳосил дар як сол мусоидат намуда истодаанд.

Бо мақсади расонидани кӯмакӣ амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар рафти кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ шумораи марказҳои хизматрасонии техникӣ дар давоми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 85 адад расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли 1991 (10 адад) 75 адад зиёд мебошад. Аз миқдори марказҳои мавҷуда 60 адади онҳо аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзӣ таъсис дода шудаанд. Марказҳои мазкур бо техника ва технологияҳои кишоварзӣ дар асоси талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тақвият бахшидани рушди соҳаи механиконии кишоварзӣ, аз ҷумла воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ амалӣ гардид, ки ин дастгирӣ ба рушди соҳа ва ҳавасмандии кишоварзон хело ҳам мусоидат намуда истодааст. Дар натиҷаи татбиқи имтиёзҳои мазкур дар ин давра ба ҷумҳурӣ беш аз 15 ҳазор адад техникаҳои кишоварзӣ ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ ворид гардида, барои ин дар ҳаҷми беш аз 500 миллион сомонӣ имтиёзҳо татбиқ гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 15, 2023 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон марҳилаи рамзгузории электронӣ ба воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ оғоз мегардад
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад
Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид