ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Дар оянда дар Тоҷикистон корхона оид ба истеҳсоли лифтҳои бренди шведии «SIGLEN» ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад. Соҳибкорони тоҷик бо меҳнати бунёдкорона дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, хусусан бунёди инфрасохтори наву замонавӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ нақши муассир мегузоранд.
Соҳибкори инфиродӣ Мазбут Зарифов аз шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ки ба воридоти лифтҳои бренди шведии «SIGLEN» аз Чин ба Тоҷикистон машғул аст, мегӯяд, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022-2026) дар оянда ният доранд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли лифтҳоро ба роҳ монанд.
Мавсуф дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ҷараёни баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBUILD», ки имрӯзҳо дар «DUSHANBE EXPO CENTRE» идома дорад, гуфт, ки лифтҳои бренди шведии «SIGLEN», ки аз Чин ба Тоҷикистон оварда мешаванд, сифати хуб дошта, дар сохтмони биноҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Бохтар, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ насб мегарданд.
Мавсуф мегӯяд, ки дар Тоҷикистон дар бахши соҳибкорӣ шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст. Барои муваффақ гардидан дар соҳибкорӣ нияти нек, дасту дили пок, бошууронаю оқилона дар доираи қонунгузории марбут ба соҳибкорӣ фаъолият намудан зарур аст, дар он сурат соҳибкор ба пешравиҳо ноил мегардад ва дар рушди иқтисоди мамлакат саҳми созгор мегузорад.
Мазбут Зарифов беш аз 30 сол аст, ки ба ба соҳибкорӣ машғул аст.
«Ман аввал дар шаҳри Истаравшан мағоза доштам ва аз Чин мол ворид менамудам. Зимни як сафарам ба Чин бо намояндагони ширкате, ки ба истеҳсоли лифтҳои бренди шведии «SIGLEN» машғул мебошанд, шинос гардида, ҳамкориро ба роҳ мондам».
Соҳибкор мегӯяд, ки маҳз бо шарофати тадбирҳои муассири андешида аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба соҳибкорон аз ҷониби давлат имтиёзҳо пешниҳод гардидааст, ки он ба рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






