МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР. Дар нуҳ моҳи соли 2023 дар Душанбе оид ба таълиму тарбияи фарзанд беш аз 500 суҳбату вохӯрӣ доир шуд

Октябрь 21, 2023 09:19

ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2023 аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ҷалби 137 ҳазору 581 нафар хонандагони пойтахт ва падару модарону омӯзгорон 571 суҳбату вохӯрӣ доир шуд. Баргузории чунин силсилавохӯриҳо ба 44 фоиз камшавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон мусоидат намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Аз ҷумла, бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ин навбат низ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб, бемориҳои сироятӣ, фарҳанги бегона ва ташаккули тарзи ҳаёти солим вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ иштирокдорон  оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷустан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ сухан гуфта, наврасонро ба омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ даъват намуданд.

Ҳамзамон баромадкунандагон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуда, иброз доштанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи наврасону хонандагон таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.

Хонандагон ба саволҳои худ, махсусан вобаста ба оқибатҳои ногувори сироятёбӣ ба бемории сироятии ВНМО, сил ва зуком ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Чунин вохӯриву суҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои таълимии пойтахт низ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» моҳи августи соли 2011 ба тасвиб расид, ки барои боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.

Қонун волидайнро вазифадор намуд, ки ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро тарбия аз оила оғоз мешавад ва рафтору гуфтори падару модар барои фарзанд бояд намунаи ибрат бошад. Барои амалишавии ин ҳадаф нақши оила бузург буда, муҳити солим ва созандаи оилавӣ метавонад дар тарбияи ворисони содиқи Ватан саҳми босазо дошта бошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои тарбияи насли хештаншинос, кам шудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ояндаи дурахшони фарзандон нақши калидӣ гузошта, ба таҳкими худшиносиву донишманд шудани наврасон заминаи мусоид фароҳам овардааст.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Октябрь 21, 2023 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе оид ба зарурати фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 7 медал шуданд
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ ҳавасманд гардонида шуданд
Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?