Нақшаи даромади буҷети ноҳияи Варзоб соли 2023 ба андозаи 113,8 фоиз иҷро гардид

Октябрь 11, 2023 10:48

ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даромади буҷети ноҳияи Варзоб давоми нуҳ моҳи соли 2023 бо назардошти андози иҷтимоии буҷет ва ғайрибуҷетӣ ба андозаи 113,8 фоиз иҷро гардид. Чунин иттилоъ дода шуд зимни баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Варзоб давоми нуҳ моҳи соли 2023. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар доданд.

Дар ҷаласа тазаккур дода шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб сохтмон ва навсозии  иншооти гуногуни  ҷашнӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта шуд, ки ҷараёни татбиқи бандҳои Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва кишти зироати тирамоҳӣ мувофиқи нақша амалӣ мешаванд.

Дар ҷаласа  масъулин барои вусъати  корҳои ободонию созандагӣ,  таъмини  фаъолияти доимии корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон, истифодаи самараноку оқилонаи   неруи барқ дар мавсими сармо  ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи он вазифадор гардиданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои вобаста  ба истифодаи  самараноки  қитъаҳои замин, кишти зироати кишоварзӣ ва дар ҳар оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо, иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг ва расонидани кумак  ба оилаҳои камбизоат баррасӣ шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Октябрь 11, 2023 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст