Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ дар Қазоқистон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4-6 октябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Казоқистон ҷаласаи 30-юми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи андоз хабар медиҳад.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти андози Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Узбекистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия ҳамчун пойгоҳи ташкилоти давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омода, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи андоз ва андозбандӣ иштирок доштанд.
Маъмурикунонии андоз дар давраи иқтисоди рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ (рақамӣ), усулҳои таҳлили маълумоти калонҳаҷм (BIG DATA) ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, рушди неруи кадрӣ, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, истифодаи низоми содакардашудаи андозбандӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурд дар давлатҳои аъзои ИДМ, ҷараёни амалигардонии Протокол оид ба мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ барои амалӣ намудани маъмурикунонии андоз ва дигар масъалаҳо дар ҷаласа баррасӣ шуданд.
АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






