Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон нишасти вазирони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба ҳамгироии минтақавӣ дар қолаби С5+1 баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Дар қисмати якуми ҷаласа, ки ба рушди фарогир ва устувори иқтисодӣ бахшида шуда буд, ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои мусоидат ба рушди иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди «сабз», беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, дастгирии шуғл дар байни занон, ҷавонон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа табодули афкор намуданд.
Дар бахши дуюми ҷаласа зери унвони «Ҳамгироии дохилиминтақавӣ ва глобалӣ» мавзуъҳои мусоидат ба тавсеаи савдои дохилиминтақавӣ ва афзоиши зарфияти масирҳои тиҷоратӣ ва транзитӣ, пешбурди пайвастшавии энергетикӣ ва мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим тариқи рушди истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза баррасӣ шуданд.
Дар хотимаи нишаст ҷонибҳо баҳри таҳкиму густариши шарикии созандаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка, хусусан АРБИМА, ҷиҳати вусъатдиҳии ҳамгироии давлатҳои минтақа дар соҳаҳои афзалиятноки гуфташуда ва пешбурди рушди устувори иқтисодӣ омодагӣ изҳор намуданд.
Аз натиҷаи ҷаласа изҳороти муштарак қабул гардида, роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои минтақа ва ИМА ёддоштҳои тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба ташаббуси декарбонизатсия ва ҳамкорӣ оид ба рақамикунонии расмиёти гумрукӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расониданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст






