Ниҳодҳои обуҳавошиносии Тоҷикистон ва Финляндия масъалаи гузаштан ба технологияи нави беҳтарсозии пешгӯиҳоро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши муқаддимавии марҳилаи сеюми Лоиҳаи обуҳавошиносии Финляндия ва Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он масъалаи гузариш ба технологияҳои нави беҳтарсозии пешгӯиҳо баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд.
Мутахассисони соҳавии Агентӣ ба иштирокчиён тариқи рӯнамо оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосферӣ маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон дар ҷараёни кори ҳамоиш рӯнамоҳои кормандони Агентӣ ва шарикони рушд дар самти огоҳии барвақтӣ ва идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ, такмил додани системаи мониторинги сифати ҳавои атмосфера, гузариш ба технологияҳои нави беҳтарсозии пешгӯиҳо ва сифати маҳсулоти обуҳавошиносӣ баррасӣ шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамкории Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Институти метеорологии Финляндия соли 2013 дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Финляндия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Зимни он марҳилаи аввали Лоиҳаи «Фин – Тоҷ» оғоз ёфта буд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






