ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. 180 хоҷагии деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби нӯшокӣ таъмин гардид

Октябрь 10, 2023 15:11

ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти «Ғозиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёдкорӣ идома дошта, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як чоҳи амудӣ кофта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Дар натиҷа 180 хоҷагии деҳаи «Қаҳрамон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби нӯшокӣ таъмин шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки бо дастгирии​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини аҳолӣ бо оби тоза тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ силсилаи иншооти иҷтимоӣ бунёд мешавад.

Таъкид шуд, ки сокинони деҳа бо зиёд шудани аҳолӣ ба оби тоза ниёзи бештар пайдо намудаанд, ки ин мушкилӣ пурра бартараф гардид. Аз ҷониби давлат​ дар маҳаллаҳои навбунёд марҳила ба марҳила шабакаи обтаъминкунӣ бунёд мешаванд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду таъмири беш аз ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 10, 2023 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд