ҶОМИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ. «Истиқлол» ва «Равшан» бори аввал дар финал бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 31.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи 32-юми Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мешавад. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб байни ҳам рақобат менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб то имрӯз дар финал бо ҳам вонахӯрда буданд. Қаблан футболбозони «Истиқлол» 13 маротиба ба финал баромада, 9 бор ҷомро ба даст овардаанд.
Қаблан дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб (соли 2003 дастаи «Олимп-Ансол» ном дошт) се маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, ду бор – солҳои 1994 ва 2020 соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуда буд.
Ҳамаи финалҳои Ҷоми Тоҷикистон (1992-2023):
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0 (пеналти 5:3)
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0 (пеналти 3:2)
1996/1997 – «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. (пеналти 4:2)
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қурғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қурғонтеппа) – 1:1 (пеналти 3:1)
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1 (пеналти 5:6)
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. (пеналти 6:5)
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. (пеналти 3:2)
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. (пеналти 4:2)
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0
2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. (пеналти 5:4)
2023 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – ???
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






