Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 19, 2023 16:40

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ сохта шудааст.

Масоҳати умумии замини мактаб 1,75 гектарро ташкил дода, худи бинои таълимӣ дар масоҳати 748 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 40 мутахассис ба ҳайси омӯзгор бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Даргоҳи нави маърифат дорои 12 синфхона, аз ҷумла химия, физика, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои духтарон ва писарон, китобхона бо толори хониш ва 4 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ дар масоҳати 375 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ифтитоҳи иншоот барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳаҳои Сангпар ва Баҳористон имконияти хубу мусоид фароҳам овард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас дар бинои нави таълимӣ омӯзгорону дигар масъулонро ба баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва тарбияи хуби онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.

Бунёд ва ба истифода додани бинои нави таълимӣ идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат мебошад.

Фармоишгари иншоот филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буда, корҳои сохтмонию паймонкорӣ дар бинои таълимиро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Уҳда» аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» бо сатҳу сифати баланд дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонданд.

Атрофи бинои таълимӣ сабзу хуррам шуда, барои истироҳату фароғати хонандагону омӯзгорон нишастгоҳҳо низ гузошта шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои замонавии таълимиро барои сокинони деҳаҳои Сангпар ва Баҳористони шаҳри Кӯлоб туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, хонандагону омӯзгоронро барои истифодаи пурсамару мақсаднок аз шароити фароҳамкарда роҳнамоӣ намуданд.

Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 дар деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб 19.10.2023

Октябрь 19, 2023 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҶДММ «Илму адаб» созишнома ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент беш аз 800 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои 200 тарбиятгиранда кӯдакистон сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент иншооти нави таълимӣ ва варзишӣ ба истифода дода шуд